- баланд
- [بلند]1. афрошта, боло; муқоб. паст: девори баланд, кӯҳи баланд2. дароз, навча, муқоб. кӯтоҳ: қади баланд3. бисёр, зиёд, афзун: иқтидори баланд4. тез, гузаро, шунаво (оид ба садо, ханда): баланд-баланд хондан5. бисёр сахт, бошиддат: оташи баланд, таби баланд6. ғализ, пурранг (нисбат ба ранг): кабуди баланд, сурхи баланд7. маҷ. хеле хуб, хориқулода, олӣ: маҳорати баланд, мазмуни баланд, сухани баланд, табъи баланд, истеъдоди баланд; нархи баланд қимати гарон; тамокуи баланд тамокуи тунду таъсирнок; баланд бардоштан а) боло кардан (мас., дастро); б) зиёд намудан, афзун намудан, бисёр кардан (мас., ҳосил ва ё иқтидорро); баланд гардидан // баланд гаштан ниг. баланд шудан; баланд гирифтан а) якбора бо садои баланд шурӯъ кардан (мас., дар сурудхонӣ, ки одатан оҳиста-оҳиста ба авҷ расонида мешавад); б) худро афзал донистан, худро беҳтар шумурдан; баланд кардан (намудан) а) боло кардан, бардоштан: сар баланд кардан; б) равшан кардан, пурқувват кардан (-и чароғ, оташ ва ғ.); в) сохтан, барпо намудан; баланд шудан а) боло баромадан; зоҳир шудан, намудор гаштан; б) боло шудан, бардошта шудан; в) зиёд шудан, афзудан (мас., обрӯ, шӯҳрат, рутба ва ғ.); г) қомат рост кардан, қад афрохтан; ғ) баромадан, шунида шудан, ба гӯш расидан (-и овоз)◊ гапи баланду паст (ё пасту баланд) задан дурушту дағал гап задан, сухани бемаъниву беҳуда гуфтан, дурушт муомила кардан; нархи чизеро баланд кардан қимати чизеро гарон кардан, баҳои чизеро зиёд кардан; овоз баланд кардан дод задан, фарёд баровардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.